LIVE

Марсело ба Каталония нарафт

Бозии мавқуфмондаи даври 10-уми Чемпионати Иснания   миёни тими “Реал” бо “Барселона” дидор анҷом медиҳанд. Ҳимоятгари дастаи “Реал”  - Марсело дар ин  дидори муҳим бозӣ карда наметавонад. Ин хабарро бошгоҳи шоҳона дар сомонаи расмии худ эълон намуд. Бозингари 31-сола барои барқарор намудани ҷароҳати бардоштаи худ табобаташро идома медиҳад. Сармураббии даста  - Зинедин Зидан ба хулосае омад, ки бозигари бразилӣ дар ин рақобат ба майдон набарояд. Баъзе овозаҳое низ ҳастанд, ки ба ҷойи ин муҳофизатгари маъруф  Ферлан Менди ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив