LIVE

“Реал” Кроосро низ аз даст дод

Нимҳимоятгари “Реал Мадрид” - Тони Кроос рӯзи 9-ум дар бозии мавқуфмондаи чемпионати Испания бар муқобили “Хетафе” ширкат намекунад. Дар даври гузашта “Реал Мадрид” бо “Уэска” (2: 1) бозӣ кард, ки футболбози 31-солаи олмонӣ корти панҷуми зарди худро дар мавсими имсолаи Ла Лига гирифт. Аз ин рӯ вай вохӯрии навбатиро аз даст медиҳад. Инчунин бо "Хетафе" ҳимоятгари "Реал" Алваро Одриосола, ки дар бозӣ бо "Уэска" ҷароҳат бардошт, вориди майдон намешавад. Ёдовар мешавем, ки бозигарони бошгоҳи шаҳри Мадрид аз ҷумла Рамос ва Азар низ ҷароҳат доранду феълан ба табобат машғуланд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив