LIVE

Неймар бар муқобили "Барселона" бозӣ намекунад

Ҳамлагари 29-солаи бразилии дастаи "Пари Сен-Жермен" Неймарро хавфи иштирок накардан дар бозии ҷавобии даври 1/8 финалии Лигаи чемпионҳо бар зидди “Барселона”  таҳдид мекунад. Дар ин бора сомонаи FootMercato дар такя бо Le Parisien хабар медиҳад. Рӯзи панҷшанбеи 25-уми феврал, рақами 10-уми дастаи “ПСЖ” ба тамринҳои инфиродии даста баргашт. Бар асоси ин, бисёриҳо ба иштироки ӯ дар бозии ҷавобӣ бо “Барселона” изҳори умедворӣ карданд. Аммо, ба гуфтаи манбаъ, ҳама чиз чандон хушбин нест, чаро ки парижиҳо намехоҳанд саломатии бозигарро зери хатар гузоранд.  Аз ин рӯ, Неймар ба эҳтимоли зиёд зидди собиқ дастаи худ бозӣ намекунад. Тибқи иттилои сарчашмаҳо  дар бозӣ муқобили «Бордо» дар Лиге 1 ва  бо «Брест»  дар Ҷоми Фаронса ҳам  Неймар  ба майдон намебарояд.
Бояд гуфт, ки бозии ҷавобии даври 1/8 финалии Лигаи чемпионҳо байни дастаҳои “ПСЖ” ва “Барса” санаи 10-уми март дар Париж доир мешавад. Бозии аввали дастаҳо бо натиҷаи 4:1 ба суди дастаи “ПСЖ” хотима ёфта буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив