LIVE

"Ливерпул" ба рафтани Клопп омодагӣ мегирад

"Ливерпул" номзадии собиқ бозигари худ - Стивен Ҷеррардро ба ҳайси сармураббӣ баррасӣ мекунад, дар сурате, ки  Юрген Клопп ба тими миллии Олмон биравад. Дар ин бора Goal такия ба хабаргузории бо истинод ба Mirror. Пештар дар ВАО хабар дода шуда буд, ки дар соли 2022 Клопп метавонад Йоахим Лёвро ба ҳайси мураббии мунтахаби Олмон иваз кунад. Ба ҳамин хотир “Ливерпул” дар бораи эҳтимоли иваз кардани Клопп фикр мекунад ва Ҷеррард номзади асосӣ ба ин вазифа дониста мешавад. Роҳбарони “Ливерпул” кори Стивенро дар “Рейнджерс” назорат мекунанд. 
Ҷеррард аз соли 1998 дар дастаи “Ливерпул” бозӣ мекард.  Дар моҳи январи соли 2015 ӯ тасмими худро дар бораи имзо накардани шартномаи нав бо “Ливерпул” эълон кард ва ба “Лос Анҷелес Галакси” гузашт. Дар моҳи ноябри соли 2016 - Ҷеррард ба корномаи худ хотима бахшид. Аз тобистони соли 2018 Стивен сармураббии “Рейнджерс” мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив