LIVE

Клопп сармураббии Олмон? ин орзуи деринаи ман аст

Тими миллии Олмон номзадии сармураббии кунунии «Ливерпул» - Юрген Клоппро ҳамчун ҷойгузини Йоахим Лёв ҷонибдорӣ кардааст. 
Дар ин бора сомонаҳои варзишии олмонӣ бештар менависанд.
Ба иттилои сарчашма «Ливерпул» тамоми тадбирҳоро меандешад то ин мутахассисро аз даст надиҳад. 
Худи Клопп бошад, ишғоли мақоми сармураббии яккачини Олмонро яке аз ҳадафҳои асосии худ хонда, онро барои пешрафту инкишофи корномаи мураббигии хеш муҳим баҳогузорӣ кардааст. 
Клопп бо «Ливерпул» то соли 2024 созишнома дорад ва эътимол меравад, ки баъд аз анҷоми муҳлати шартномааш роҳбарии мунтахаби Олмонро ба уҳда бигирад.
Ин мутахассиси олмонӣ шуруъ аз соли 2015 бо бошгоҳи англисӣ кор мекунад ва соли гузашта бо 97 имтиёзи рекордии ба даст овардааш чемпионати Премйер-лига нашуд, аммо ғолиби Лигаи Чемпионҳо гардид. Дар мавсими ҷорӣ "Ливерпул" баъд аз 30 соли интизорӣ билохира қаҳрамони Англия шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив