LIVE

«Химки»-и Черевченко 7 бозиаст, ки шикаст намехӯрад

“Химки” дар бозии даври 20-уми Премйер Лигаи Русия “Уфа”-ро мағлуб кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи Арена Химки баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи соҳибони майдон ба анҷом расид. Дар дақиқаи 49-ум ҳамлагари “Химки” - Муҳаммад Конате ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 62-юм бартариро нимҳимоятгар Денис Глушаков мустаҳкам кард. Дар дақиқаи 74-ум Иля Кухарчук корти дуввуми зард гирифт ва аз майдон ронда шуд. Дар дақиқаи 94-ум ҳисоби ниҳоиро нимҳимоятгари “Уфа” -  Владислав Комилов гузошт.
“Химки” 28 имтиёз ба даст овард ва дар ҷадвали Премйер Лигаи Русия ба ҷои нӯҳум баромад. «Уфа» бо 13 хол дар мақоми 15-ум аст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив