LIVE

Чеҳраи мондагори футболи тоҷик - Ғуломҳайдаров 75 сола шуд

26-уми феврал яке аз беҳтарин бозигар дар таърихи футболи тоҷик, мураббии шоистаи Тоҷикистон - Владимир Ғуломҳайдаров 75-сола шуд. Владимир Алексеевич (Алишоевич) Ғуломҳайдаров 26-уми феврали соли 1946 дар Душанбе таваллуд шудааст.
-Футболбози шӯравӣ, тоҷик (нимҳимоятгар) ва мураббӣ.
-Устоди варзиши ИҶШС (1968).
-Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991).

    Ғуломҳайдаров дастпарвари футболи тоҷик мебошад. Соли 1964 ӯ аввалин бозии худро дар ҳайати "Энергетик"-и Душанбе анҷом дода, ки баъдан "Помир" ном гирифт. Нахустин ҳунарнамоии ӯ дар футболи ҳирфаӣ 5 апрел дар вохӯрӣ бо СКА-и Новосибирск баргузор гардид.
Соли 1968 Ғуломхайдаровро ба дастаи олимпии СССР даъват карданд, ки он ҷо ду сол бозӣ карда, дар ҳашт бозӣ се гол ба самар расонидааст. Мавсимҳои 1969 ва 1970 дар "Торпедо" -и Маскав, ки дар Лигаи олии чемпионати СССР бозӣ мекард, ҳунарнамоӣ кардааст. Дар ҳайати мазкур 19 бозӣ гузаронида, ба задани 3 гол даст ёфтааст. Соли 1971 ӯ ба “Помир” баргашта, ҳунарнамоиро дар Лигаи аввал идома дод.
Соли 1978 ба кори мураббигӣ шуруъ кард. Вай Мактаби олии мураббиёнро хатм намуда, ба ҳайси ёвари сармураббии «Помир» ба кор шурӯъ кардааст. Моҳи июни соли 1983 Юрий Сёмин дар ин вазифа ӯро иваз кард.
Соли 1994 сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Дар миёнаи солҳои 90-ум Ғуломхайдаров ба Қазоқистон кӯчид. Аз соли 1999 ӯ дар “Кайрат” кор карда, ба сармураббӣ кӯмак мерасонид. Соли 2003 сармураббӣ таъйин шуд, аммо моҳи июл ба нафақа баромад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив