LIVE

ШОҲИ ФУТБОЛИ ТОҶИК 65 СОЛА ШУД!

Рӯзи 23 август Валерий Турсунов, дурахшонтарин ситораи футболи тоҷики асри 20 ба синни мубораки 65 расид. Валерий Турсунов, зодаи шаҳри Кӯлоб буда, аз соли 1974 то 1988 тамоми собиқаи футболбозиашро ба дастаи “Помир”-и Душанбе бахшидааст. Турсунов дар 542 бозӣ 173 голро ба дарвозаи рақибон задааст, ки ин натиҷа ӯро беҳтарин голандози футболи СССР намуда буд. Соли 1988 бо кӯшиши футболбозони содиқе, чун Валерий Турсунов, “Помир” билохира ба лигаи олии футболи СССР роҳ ёфт, вале Турсунов баъди расидан ба ин орзу тарки майдон кард ва барои ситораҳои ҷавони футболи Тоҷикистон роҳ кушод. Бо ин вуҷуд, Валерий Турсунов дар ёди мухлисон ҳамчун яке аз тобноктарин ситораҳои футболи тоҷик боқӣ мондааст. Ситорае хеле баланд ва дар айни замон ончунон хоксор! Зодрӯз муборак, Шоҳи футболи тоҷик!

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив