LIVE

Футболбози тоҷик номзади беҳтарин футболбози ҳафта дар Осиё шуд

Конфедератсияи футболи Осиё рӯйхати  футболбозони беҳтарини ҳафтаро барои овоздиҳӣ тартиб дод, ки   нимҳимоятгари  мунтахаби Тоҷикистон ва “Локомотив” Пловдиви Булғористон   Парвизҷон Умарбоев  низ дар қатори Такуми Минамино, Меҳди Тореми, Элдор Шомуродов ва дигар футболбозони саршиноси қора барои унвони мазкур мубориза мебарад. Футболбози тоҷик ҳафтаи гузашта  дар бозии марказии даври 18-уми чемпионати Булғористон   бар зидди “Лудогоретс” 64 дақиқа майдондорӣ намуда, муаллифи партофти головар гардид.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив