LIVE

Нозим ва Парвиз бо “Хуҷанд” шартнома бастанд

Ниммуҳофизатгари тоҷик Нозим Бобоҷонов бо дастаи “Худҷанд”-и Хуҷанд шартнома баста, шуруъ аз мавсими нав бо пироҳани ин тими футбол ҳунарнамоӣ мекунад. Ниммуҳофизатгари тими миллии кишвар - Нозим Бобоҷонов  қаблан дар дастаҳои “Истиклол”-и Душанбе, “Баҳрейн”-и Баҳрайн ва  “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бозӣ кардааст.  Дар ҳамин раванд боз як футболбози дигар низ ба ҳайати Хуҷанд пайваст. Ин тими футбол бо ҳамлагар Парвиз Баки-Ахунов низ қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонид. Парвиз мавсими гузаштаро дар дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар гузаронид. Парвиз Баки-Ахунов дар ҳайати бошгоҳи шаҳри Хуҷанд таҳти рақами 9 баромад мекунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив