LIVE

«Регар-ТадАЗ» тарки Лигаи Олӣ кард

Қаҳрамони 7 каратаи кишвар дастаи «Регар-ТадАЗ» мавсими навро дар Лигаи якум оғоз мекунад. Футболбозони шаҳри Турсунзода дар дидор бо барандаи нишонҳои нуқраи Лигаи олӣ дар мавсими ҷорӣ бошгоҳи “Хуҷанд” ҳарчанд то охирин сонияҳо барои боқӣ мондан дар Лигаи олӣ талош карданд, аммо натавонистанд. Дар бозии мавқуфмондаи даври 15-уми Чемпионати Тоҷикистон «Регар-ТадАЗ»  дар майдони худ бо ҳисоби 1 бар 2 аз тими «Хуҷанд» мағлуб гардид. Дар дақиқаи 64-уми пайти дуюм сарвони тими «Хуҷанд» Фатҳулло Фатҳуллоев ҳисобро кушод. Ҳамлавари ҷавони «Хуҷанд» Парвизҷон Алиев дар дақиқаи 77-ум ҳисобро 2 бар 0 намуд. Доробҷон Эргашев аз ҳайати тими «Регар-ТадАЗ» голи ягонаи дастаашро ба самар расонид. Дар бозии охири мавсим бошгоҳи овозадори кишвар  «Регар-ТадАЗ» дар майдони худ тими «Куктош»-ро қабул мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив