LIVE

Жозе Моуриню беҳтарин мураббии асри XXI

Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) рӯйхати беҳтарин мураббиёни футболро дар асри 21 тартиб додааст.
Жозе Моуриню беҳтарин мураббии асри XXI дониста шуд. Мутахассиси португалӣ чор маротиба ҷоизаи беҳтарин мураббии ҷаҳон - (2004, 2005, 2010, 2012) -ро ба даст овардааст. Инчунин, дар тӯли 16 соли охир мутахассиси португалӣ мунтазам дар қатори 10 мураббии беҳтарини ҷаҳон қарор дошт. Дар ҷои дуввум мураббии тими миллии Олмон Йохаим Лёв қарор гирифт, ки беҳтарин мураббӣ дар солҳои 2014 ва 2017 шудааст. Ҷои сеюмро Алекс Фергюсон ва Хосеп Гвардиола тақсим карданд. Пас аз онҳо Арсен Венгер, Карло Анчелотти, Висенте дел Боске, Диего Симеоне, Дидйе Дешам, Марсело Белса, Фабио Капелло ва Гус Хиддиник ҷойгир шуданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив