LIVE

5 бозигаре, ки ҳам дар “Реал” ва ҳам дар “Барселона” бозӣ кардаанд

То ба ҳол гузаришҳои трансферӣ байни ин ду клуб тавонистаанд, ки дар байни мухлисон ва рӯзноманигорон тӯфони эҳсосотро ба вуҷуд оранд. Маълум аст, ки агар касе аз “Реал” ба “Барселона” ё баръакс гузарад, пас ӯ бешубҳа бозигари ситора аст. Ёдовар мешавем, ки кадоме аз футболбозон дар як вақт ба чунин амали ғайриинтизор тасмим гирифтааст. Ё танҳо тавонистааст, ки дар ҳарду клуб дар замонҳои гуногун бозӣ кунад.
Луиш Фигу
Баъд аз оне, ки Фигу Каталонияро бо Мадрид иваз кард, дар байни мухлисон корҳое рух дод, ки португалӣ  шояд аз ин кори кардааш 10 маротиба пушаймон шуд то барои худ ин гузаришшро раво дид. Дар “Барселона”, Фигу яке аз пешсафон буд ва интиқол дар он замон низ девонавор гарон буд. Зиёда аз 60 миллион доллар. Вақте ки Фиго ба симати бозигари  “Реал Мадрид” ба меҳмонии “Барса” омад, мухлисон тамоми ашиёро пора карда, ҷониби ӯ ҳаво доданд. Онҳо ҷониби ниммуҳофизатгар садо баланд мекарданду ашёҳои гуногунро ба майдон партофтанд ва кӯшиш карданд, ки португалиро бизананд. Сипас онҳо ба сӯзондани футболкаҳои ӯ шурӯъ карданд ва кор то ба онҷое расид, ки ин калаи хуки азиме ба майдон партофта шуд.
Роналдо
Ба фарқ аз Фиго ҳамлагари  бразилӣ ин гузаришро осон сипарӣ кард. Чунки  Роналдо баъд аз  рафтан аз “Барса” 6 сол баъд дубора ба Испания баргашт ва дар  “Реал” бозӣ кардт. Соли 1996 ӯ бо “Барселона” мавсими барҷаста дошт (37 гол дар 34 бозӣ). Сипас ӯ ба “Интер”-и Милан рафт ва танҳо соли 2002 бозигари “Реал Мадрид” шуд. Дарвоқеъ  Роналдо дар ҳайати мадриди дигар он Роналдои ҳақиқӣ набуд.
  Самуэл Это'О
Ҳамлагари камерунӣ, ки ба мухлисони рус (алалхусус Анжи) хуб маълум аст, инчунин тавонист дар як вақт дар ду клуби Испания бозӣ кунад. Это`о дар синни 16-солагӣ ба системаи “Реал Мадрид” ворид шуд, аммо бо гузашти 3 сол ӯ натавонист дар ҳайати асосӣ мавқеъ пайдо кунад. Ҳамлагар ба иҷора гузашт. Пас аз он ӯ бозигари  “Майорка” гардиду маҳз онҷо ӯ ҳунари воқеъии худро нишон дода тавонист.  Сипас ӯро намояндагони “Барселона” мушоҳида карданд. Барои дастаи Каталония, дар ниҳоят камерунӣ ба яке аз афсонаҳо табдил ёфт. Вай дар 145 бозӣ дар тими “Барса” 108 гол заду аз зумраи дустдоштаринҳо гардид. 
Луис Энрике
Яке аз собиқ сармураббиёни “Барселона” низ тавонистааст дар ҳарду клуб сабти ном кунад. Луис Энрике дар масъалаи музди маош бо “Реал Мадрид” ба мувофиқа омада натавонисту дар пушди парда ва бидуни розигии мадридиҳо бо рақиби асосии “Реал” ба гуфтушунид оғоз кард. Дар натиҷа, футболбоз шартномаро бо “Реал Мадрид” тамдид накард ва ҳамчун агенти озод ба “Барселона” гузашт.
Микаэл Лаудруп
Футболбози даниягӣ  дар “Барселона” бозии хуб нишон дод. Дар он ҷо ӯ мунтазам унвонҳо мегирифт ва яке аз бозигарони пешсафи даста буд. Аммо пас аз муноқиша бо Йохан Кройф ҳама чиз якбора тағир ёфт. Бозингар ҳатто дар назди мардум дар бораи ҷанги худ бо мураббӣ ошкоро ҳарф зад. Пас аз он, Лаудруп “Реал Мадрид”-ро интихоб кард. Вай ҳамагӣ ду солро дар он ҷо сипарӣ кард, аммо тавонист бо ҳунарнамоии худ таассуроти хеле гуворо боқӣ гузорад.
Бозигароне, ки бо “Реал Мадрид” ва “Барселона” робита доштанд, кам нестанд. Шумо метавонед чунин футболбозонро ба мисли Лучано Лиз Рага, Бернд Шустер, Рикардо Замора, Георге Ҳаджи, Роберт Просинечки, Хавйер Савиола, Алфонсо Перес пайдо кунед, ки замони фаъолияти худ бо ин рақибони азалӣ пайванд кардаанд.  Дар ин феҳрист метавонед собиқ футболбози дастони  “Реал Мадрид”- Алфредо Ди Стефаноро шомил созед. Ӯ низ дар ибтидои корномаи хеш дар “Барселона” буд. Умедворам, ки мо касеро фаромӯш накардаем.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив