LIVE

Бэйл: аз мухлисон ҳеҷ гоҳ чунин амалро интизор набудам

Ҳамлагари дастаи «Реал»-Гарет Бэйл ба танқидҳои зиёди мухлисонаш посух гардонид.

«Ин яке аз амалҳое буд, ки ман то омаданам ба «Реал» эҳсос намекардам. Ман дарк мекардам агар ин ба даста равона мешуд, дар ҳоле, ки бад бозӣ мекард ё ба шикаст дучор мегардид. Вале садо танҳо ба суроғаи як бозигари худ равона мешавад, ки фикр мекунам ин нодуруст аст. 
Агар мухлисон ҷониби ту садо баланд кунанд, он вақт бовариро нисбат ба худ гум мекунӣ ва дар майдон будан бароят мушкил мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо онҳо на танҳо ба ман, балки ба худашон низ зарар мерасонанд. Ба назари ман чунин амалҳо бефоидааст», иқрор шудааст Бэйл.

Муносибати Бэйл бо мухислони «Реал» баъд аз он сард шуд, ки футболбоз бо парчами Ватани худ акс гирифт, ки дар он «Уэлс, голф, Мадрид.. навишта шуда буд.
Баъди он дигар дар ҳама бозиҳо мухлисон ба ҳар як ҳаракати Бейл дар майдон садои иғвоангезона мебаровардагӣ шуданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив