LIVE

Тоҷикистон аввалин ғолиби "Ҷоми Рушд" аз қитъаи Осиё гардид

Тими мунтахаби наврасони то 17-солаи футболи кишвар дар 16-умин мавсими мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми Рушд", ки ҳама сола дар шаҳри Мински Белоруссия аз ҷониби "Федератсияи футболи Белорус" таҳти сарпарастии "Бонки Рушд" баргузор мешавад, ширкат варзида, чемпиони ин мусобиқа гардид ва аввалалин дастаи Осиёие шуд, ки ғолиби мусобиқаи мазкур шудааст.  
        Ин бори сеюм мешавад, ки  тими миллии наврасони меҳани мо дар ин мусобиқаи байналмилалӣ иштирок меварзад. Қаблан солҳои 2019 ва 2020 дастаи мо дар ин мусобиқа баромад намуда буд. Дар ҳарду иштирок футболбозони навраси мо бозии хуб нишон дода буданд, аммо чемпион шудан ба онҳо даст надода буд. Ҳамакунун дар ин сол, яъне, дар навбати сеюм тавонистанд, ки медалҳои тиллоро ба гардан овезанд. 
       Имсол наврасони мо зери роҳбарии мураббии кордон – Аҳлиддин Турдиев роҳ пеш гирифтанд сӯйи Белорус. Мусобиқа бо иштироки чаҳор даста – Белоруссия, Молдова, Қазоқистон ва Тоҷикистон гузаронида шуд.
        Наврасони мо дар бозии аввал рӯзи 31-уми январ бо қазоқҳо дастбагиребон шуданд. Шояд, бисёриҳо баъди он ду бозии бебароре, ки миллипӯшони навраси мо бо эрониҳо доштанд, бовар надоштанд, ки мо дар ин бозӣ ғалаба кунем. Аммо ин тавр нашуд, балки шикаст аз Эрон барои футболбозони ҷавону ояндадори мо дарсе шудаву онҳо ба фарқ аз он бозиҳо дигаргуна майдондорӣ намуданд, ки дили ҳама мухлисони футболи тоҷикро ба ваҷд оварду ба онҳо аҳсант хонданду офарин. 
       Бозӣ пас садои ҳуштаки довар оғоз гардид ва аз ҳамон сонияҳои аввал ворисони Сомонӣ алови чашми рақибро бо ҳуҷумҳои пай дар пай ва зарбаҳои мушакворӣ худ гирифтанд. Рақибони мо бозии ҳуҷумкоронаи футболбозони моро дида, ангушти ҳайрат газиданд ва дигар пойҳояшон дуруст кор накарду шурӯъ намуданд ба қойидаситезиҳо. Ҳамин буд, ки дар дақиқаи 17-ум як футболбози мунтахаби Қазоқистонро довар пас аз қойидавайронкунии дағалонааш бар муқобили футболбози тоҷик корти сурх доду аз майдон хориҷаш кард ва ба қавле сазои гуноҳашро дод. Футболбозони мо ҳисобро дар дақиқаи 32-юм бо голи задаи Абдулфаттоҳ Худойдодзода боз намуданд.  Қисми аввали бозӣ бо натиҷаи 1-0 ба суди Тоҷикистон поён ёфт. Қазоқистониҳо дар нимаи дуюми рақобат ба бозӣ баргаштан мехостанд, аммо мунтазири онро надоштанд, ки нав тоҷикони тоҷдор набарди ҳақиқиро сар мекунанду ба душман имконияти ситонидани интиқомро намедиҳанд. Қисмати дуюми набард ҳам бо ҳамлаҳо ва мансубаороиҳои шерони жаёни тоҷик оғоз ёфта бо 6 голи задаи онҳо анҷом пазируфт.  Дар ин қисмат тӯб пайваста пас аз зарбаҳои футболбозони тоҷик ба сӯйи дарвозаи Қазоқистон парвоз мекарду гоҳ ба тири он мерасид ва гоҳе ба тӯри он ворид мешуд. Дар ин қисмат голҳоро Меҳрубон Каримов, Алиҷони Айнӣ, Хусрав Тоиров, Хуршед Давлатзода, Шаҳриёри Иноятулло ва Асадбек Ҷӯрабекзода дар дақиқаҳои 54, 60, 66, 80, 84, 89 ба самар расониданд. Наврасони қазоқ танҳо ба як голи мо ҷавоб гардонида тавонистанду халос ва ин гол, ки дар дақиқаи 71-ум аз ҷониби Никита Губарев, ки дар аввал банда насабашро дуруст хонда натавонистаму Гурбаев навиштам ва пас аз бори дуюм тафтиш кардани матн ин хаторо ислоҳ кардам, зада шуд, метавон голи шармшикан номид. Ҳамин тавр, наврасони мо бо ҳисоби бузурги 7-1 ҳамтоёни қазоқи худро тору мор карданд ва маҷбурашон намуданд, ки пеши тоҷики тоҷдор сар фуруд оваранд. Пас аз ин ғалаба наврасони мо 3 имтиёзро соҳиб шуданд.
       Қазоқҳо бо як рӯҳияи баланд вориди майдон шуданду бо дили маҳзун ва дидаи таргун аз он хориҷ. Хайр, чуноне, ки мегӯянд, майдон аз далер аст ва далериву шуҷоъӣ мебояд, то пирӯзӣ насибат шавад. 
       Дар даври дуюми мусобиқа рӯзи сеюми феврал миллипӯшони навраси мо бо ҳамтаёни худ аз Молдова, ки дар бозии аввал мизбони мусобиқаро шикаст доданд, вориди майдони набард шуданд. Аз оғози бозӣ маълум буд, ки Молдовиҳо аз Тоҷикистон пас аз он ки Қазоқистон воре як дастаи дорои ҳайати пурқувватро зеру забар кард, ҳарос доранд. Ин беҳуда нест, ки мегӯянд тарс ба нобудӣ мерасонад. Футболбозони тоҷик аз дақиқаҳои аввал тӯбро зери назорати худ гирифта, мансубаҳои ҷолибе меоростанд ва ҳар лаҳза девори дифои рақибро пора сохта, зарбаҳои тирворро ба сӯйи  дарвозаи ҳариф мезаданд. Кушодани ҳисоб ба футболбозии тоҷик дар дақиқаи 27-ум даст дод. Ҳукмиддин Шоҳмуродов аз беруни ҷаримагоҳ зарбаеро ба кунҷи рости дарвозаи молдовиҳо равон сохт, ки баргардонидани он барои дарвозабонони шӯҳратёр ҳам ғайри имкон  аст.  Ин зарба табдил ба гол шуд ва Тоҷикистон дар ҳисоб ба пеш баромад. Се дақиқа пас аз голи аввал футболбози дигари тоҷик – Хусрав Тоиров тӯбро бо як маҳорати воло чунон тоб дода ба дохили дарвоза равон намуд, ки аз дасти дарвозабон ба ҷуз тамошои гол дигар чизе наёмад. Дар нимаи аввали рақобат наврасони мо тавонистанд тавассути голи задаи Абдулфаттоҳ Худойдодзода дар дақиқаи 35-ум ҳисобро 3-0 ба нафъи худ намоянд. Нимаи дуюми набард бо ду голи задаи наврасони мо дар дақиқаҳои 61-ум ва 77-ум, ки онҳоро Асадбек Ҷӯрабекзода ва Сунатулло Азизов ба ҳадаф расониданд ва як голи задаи футболбози молдовӣ – Ботан Дан дар дақиқаи 87-ум ба поён расид. Ҳамин тавр, Тоҷикистон бо ҳисоби 5-1 Молдоваро сарнагун намуд ва пас аз ин ғолибият 3 имтиёзи дигар касб карда, шумораи имтиёзҳояшро ба 6 адад расонида, садрнишини ҷадвал боқӣ монд.
         Новобаста аз бозии сеюм наврасони мо чемпиони мусобиқа шуданд, зеро Белорусҳо дар бозии дуюми худ низ талхии бохтро чашиданд. 

       Тими миллии наврасони то 17 солаи мо рӯзи 6-уми феврали соли ҷорӣ бозии охирини худро бо Белорусҳо анҷом медиҳанд ва ба эҳтимоли зиёд метавон гуфт, ки дар ин бозӣ низ тоҷикони тоҷдор рақибони худро ба зону мешинонанд.
        Ғолибият дар "Ҷоми Рушд" натиҷаи хубе аст барои наврасони мо ва боварӣ дорем, ки таҷрибаи калоне мешавад барои бозиҳои Чемпионати Осиё байни наврасон, ки тими наврасони мо роҳхати ин мусобиқаро ба даст овардааст. 
Таҳияи Маҳмадназар Наҷбудинов 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив