LIVE

Левандовски бе сармураббӣ монд

Роҳбари Иттиҳоди футболи Полша Збигнев Бонек эълон дошт, ки сармураббии тими миллии Полша Ежи Бженчек аз мақомаш барканор шуд.  
Дар хабари Бонек омадааст, "Брженчек барои фаъолиятатон дар тими миллии мо изҳори сипос намояд, ва барои корҳои минбаъда ба шумо барор орзу мекунад".
Аммо то ҳол сабаби асосии ин тасмим маълум нест.  Бженчек аз тобистони соли 2018 дар мунтахаби Полша ба симати сармураббӣ фаъолият дошт. Таҳти роҳбарии ӯ  даста бо муваффақият ба Чемпионати Аврупо роҳ ёфт ва дар гурӯҳи худ дар марҳилаи интихобӣ зинаи аввалро ихтиёр намуд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив