
Сармураббии “тӯпчиён” Микел Артета шахсан дарвозабони бразилиро дар даста дидан мехоҳад. Дастаи шаҳри “Лондон” мехоҳад Неторо то охири мавсим ба иҷора гирад ва дар гузаришҳои тобистона бо ӯ қарордод имзо кунад.
"Барселона" барои дарвозабони худ дар давраи равзанаи трансферии тобистона 21 миллион евро талаб кард ва манбаъ чунин мешуморад, ки дар гумон аст, то Нето тобистон ба Чемпионати Англия гузарад. Дар мавсими ҷорӣ, бразилӣ дар 9 бозии каталониҳо ба майдон баромадааст.