LIVE

Ҳатто зӯри “ШАЙХҲО” ба Месси нарасид

ПСЖ наметавонад гузариши ҳамлагари "Барселона" Лионел Мессиро дар шароити мавҷуда ба даст орад. Дар ин бора Marca бо истинод ба рӯзноманигори фаронсавӣ Хулен Лоуренс хабар медиҳад.Бино ба иттилои манбаъ, парижиҳо наметавонанд, маоши Неймар, Килиан Мбаппе ва Мессиро дар якҷоягӣ пардохт кунанд. Айни замон “ПСЖ” қудрати онро надорад, ки солона танҳо барои ин се бозигар 150 миллион евро музд диҳад. Ҳатто дар шароити имрӯза даста наметавонад сари вақт маоши бозигарони худро пардохт кунад.  Парижиҳо қаблан талош доштанд, Мессиро моҳи январ ё тобистон  ҳамчун агенти озод ба даст оранд.  Ба гуфтаи манбаъ, барои ба даст овардани аргентинӣ, тим Неймар ё Мбапперо бояд  фурӯшад.

Next Post

Комментарии 1

Football-News от 11 января 2021 21:24
Месси бехтарин бозигари гетист. Аз ин рӯ зури ҳама намерасад барои ба даст оварданаш.

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив