LIVE

Рекорди нави Месси дар чемпионати Испания

Рӯзҳои истироҳатии гузашта як қатор бозиҳои даври 18-уми Ла Лигаи Испания доир шуд. “Реал Мадрид” имтиёз аз даст дод. “Барселона” ба пирӯзӣ даст ёфт. Бинобар бориши зиёди  барф бозии   дастаҳои “Атлетико-Атлетик” бошад, ба вақти дигар гузаронида шуд. Бошгоҳи "Гаранда"  дар доираи бозиҳои даври 18-уми чемпионати Испания  тими "Барселона"-ро пазируфт.   Ҳисоб дар дақиқаи 12-ум аз ҷониби   Антуан Гризманн кушода шуд.  Дар дақиқаи 35-ум  Лионел Месси низ дарвозаи  "Гранада"-ро   рахна кард. Дере нагузашта ин футболбози аргентинӣ як бори дигар ба задани гол даст ёфта, ба номаш дублро сабт сохт.  Тибқи иттилои расонаҳо   Месси баъди ин   голи худ аввалин  футболбозе дар таърихи чемпионати Ипания гардид, ки  дар 15  мавсим пайиҳам на кам аз 10 голро марбути номи худ мекунад. Дар дақиқаи 63-юми нимаи дуюми вохӯрӣ Гризманн  голи охиринро вориди дарвозаи ҳарифон намуд. Бо ҳисоби 0 бар 4, дидори мазкур ба нафъи "Барселона"  хотима ёфт.Дар доираи ин марҳила "Реал Мадрид" натавонист бар "Осасуна"  пирӯз шавад. "Леванте" "Эйбар"-ро шикаст дод. "Валенсия" бар "Валядолид" зафар ёфт.   "Кадис"  "Алавес"-ро мағлуб намуда, ба силсилабозиҳои беғалабаи худ нуқта гузошт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив