LIVE

Бозии дастаҳои "Реал"-"Осасуна" доир намешавад?

Бозии дастаҳои  “Реал Мадрид” ва “Осасуна”   дар доираи бозиҳои даври 18-уми  чемпионати Испания   имконияти зиёди баргузор нашуданро дорад.  Тибқи иттилои AS  дар Испания   чанд рӯзи охир бориши зиёди барф   ба қайд гирифта шудааст.   Қаблан  “Осасуна” тамринҳоро бинобар  вазъи бади ҳаво  баргузор накард.  Бинобар иттилои обуҳавошиносон  9 январ дар Испания бориши зиёди барф пешгӯӣ шудааст. Зинрӯ  ин  боиси   доир нашудани рақобати дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Осасуна”   мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив