LIVE

“Реал Мадрид” ҷойгузини Зинеддин Зиданро пайдо кард

Роҳбарияти “Реал Мадрид”   ҷойгузини Зинеддин Зиданро пайдо кард.   Тибқи иттилои  AS  дастаи шоҳона   тасмим гирифтааст, ки баъди Зидан   собиқ футболбози “Реал”  Раул Гонсалес  сармураббии бошгоҳ таъйин  мегардад.   Айни замон Раул Гонсалес   дастаи дуюми “Реал Мадрид”-ро роҳбарӣ мекунад. Таҳти роҳбарии  Раул Гонсалес   дастаи дуюми “Реал” соли гузашта   ғолиби  Лигаи УЕФА миёни ҷавонон шуда буд. Қаблан “Реал”  ба  собиқ сармураббии “Тоттенхэм”  Маурисио Почеттино чашм ало карда буд. Вале баъди ба ПСЖ  рафтани ин мутахассис  аз фикраш гашт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив