Бошгоҳи “Реал Мадрид” – аз рӯи фарзияи Globe Soccer беҳтарин дастаи асри XXI гардид. Бошгоҳи испанӣ дар натиҷа соҳиби 36% овоз шуда, ин унвонро ба даст овард. Дар зинаи дуюм «Ал-Аҳли»-и Миср (32%), дар ҷои сеюм «Барселона» (18%) ва дар зинаи чорум «Бавария» (14%) қарор гирифтанд. Ёдовар мешавем, ки дастаи “Реал” ягона тиме дар таърих мебошад, ки 13 маротиба ҷоизаи Лигаи Чемпионҳоро ба даст овардааст.