LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон (U-16) омодагиро ба бозиҳои дӯстона оғоз намуд

Дастаи мунтахаби наврсони зери 16 солаи Тоҷикистон (U-16) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев омодагиро ба бозиҳои дӯстона бо тими наврасони Эрон шурӯъ кард.
Ба ҷамъомади омӯзишиву машқии мазкур, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, сармураббӣ 22 бозигар, аз ҷумла 3 дарвозабон, 7 муҳофизатгар, 8 ниммуҳофизатгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардаст.
Бозиҳои дӯстона бо дастаи мунтахаби наврсони то 16 соли Эрон рӯзҳои 23 ва 26 декабр дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бидуни иштироки мухлисон доир мешаванд. Оғози вохӯриҳо – соати 14:00..
Ҳайати дастаи мунтахаби наврсони зери 16 соли Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо мунтахаби наврасони Эрон:
Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Шаҳобиддин Маҳмудзода (ҳарду аз «Локомотив-Помир»), Сӯҳробхӯҷа Юсупов («Хуҷанд»);
Муҳофизон: Меҳрубони Абдурауф, Ҳукмиддин Шомуродов, Фахриддин Аҳтамов, Шахриёри Иноятулло, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов, Қурбоналӣ Муродов, Нурсултон Норбойзода (ҳама аз «Локомотив-Помир»);
Ниммуҳофизон: Кабир Салимшоев, Аббос Андалибов, Бежан Нишонбойзода, Меҳрубон Каримов (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Кароматулло Боронов (Академияи футболи ФФТ), Амирҷон Фаррухзод («Равшан»), Азизбек Далиев («Регар-ТадАЗ»), Абдулло Шарипов (МҶМОВ);
Ҳамлагарон: Абдулфаттоҳи Худойдодзода, Сунатулло Азизов, Асадбек Ҷӯрабекзода, Хуршед Давлатзода (ҳама аз «Локомотив-Помир»).
Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.
Бозиҳои дӯстона
23 декабр (чоршанбе)
Оғози бозӣ - соати 14:00
ТОҶИКИСТОН (U-16) – Эрон (U-16)
Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
26 декабр (шанбе)
Оғози бозӣ - соати 14:00
ТОҶИКИСТОН (U-16) – Эрон (U-16)
Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив