LIVE

Месси рекорди Пелеро такрор кард

Дар варзишгҳои "Камп Ноу" дастаҳои "Барселона" ва "Валенсия" бозии даври чордаҳуми худро анҷом доданд. Нахуст ҳимоятгари тими "Валенсия" Муктар Дякаби бо истифода аз заъфи дифоъгарони мизбон тӯбро вориди дарвоза намуд. дар дақиқаҳои иловашуда ба нимаи аввал бошад, зарбаи 11 метраи Мессиро дарвозабон баргардонд, аммо дар ниҳоят бо кӯмаки ҳамдастагон Месси ниҳоятан онро ба гол табдил дод.  Нимаи аввал 1 бар 1 мусовӣ ба анҷом расид. Ин голи 643 юмини  Месси дар ҳайати Барселона буда, аз рӯйи теъдоди голҳои дар ҳайати як даста ӯ шумораи голҳояшро бо Пеле баробар кард.

Зимнан дар нимаи дуюм Барселона фишорро афзоиш дода, дар дақиқаи 52-юм Роналд Араухо тимашро ба пеш баровард. Пас аз чандин ҳамлаҳо бошад, меҳмонон низ бо голи задаи Макси Гомес ҳисобро баробар карданду бо ҳамин ҳисоби 2 бар 2 ин бозӣ ба анҷом расид. Пас аз ин бозӣ Пеле дар як паёме бисёр самимӣ Мессиро бо такрори ин рекорд табрик гуфта аст. Месси ҳам аз ҷониби худ бо ташаккур ин табрикотро бисёр дилпазир донистааст зеро аз забони яке аз беҳтарин футболбозони ҷаҳон шунидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив