LIVE

Интихоботи президенти бошгоҳи "Барселона" кай баргузор мегардад

РАСМАН: Роҳбарияти муваққатии "Барселона" то рӯзи 24 январи соли 2021, ки дар он интихоботи президенти бошгоҳ баргузор мегардад, тамдид карда шуд. Яке аз номзадҳои эҳтимолии президенти бошгоҳ, Эмили Русо мебошад, ки алакай бо ҳарфҳои худ мавриди таваҷҷуҳи хабарнигорон қарор гирифтааст. Ӯ зимни як мусоҳиба худ, ки хабаргузории Cat Radio аз суханонаш иқтибос овардааст, гуфтааст, ки дар сурати интихоб шуданаш ба маснади президентӣ, Неймарро дубора ба даста бармегардонад ва инчунин майдони "Камп-Ноу"-ро ба номи "Камп-Ноу Лео Месси" иваз мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив