LIVE

Транфери бузург дар иҷрои “Реал” ва “Интер”

“Реал” ва “Интер”-и Милан метавонанд бозигарони худро иваз мекунанд. Нимҳимоятгари даниягӣ Кристиан Эриксен ба Испания меравад ва Иско дар ихтиёри Антонио Конте қарор хоҳад гирифт. Sky German дар ин бора иттилоъ медиҳад. Муҳокимаҳои аввалия дар бораи мубодилаи эҳтимолӣ аллакай байни намояндагони “Реал” ва “Интер” баргузор шудаанд. Клуби Италия мехоҳад он харҷи маблағе, ки барои Эриксен сарф карда буд, ҷуброн намояд.  Нимҳимоятгари даниягӣ аз “Тоттенхэм” ба клуби миланиҳо гузариш кард ва дар Италия мутобиқ нагардид. Дар мавриди  Искои 28 сола бошад, аз мавқеи худ ва вақти ками майдондорӣ дар “Реал” норозист. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив