LIVE

Эриксен бояд ба «Реал» мерафт

Бархе омилҳо дар мавриди барои чӣ гузариши ниммуҳофизатгари ҷадиди «Интер» - Кристиан Эриксен ба дастаи «Реал» амалӣ нашуд, ошкор гардид. Ба иттилои сомонаи As сармураббии дастаи мадридӣ - Зинедин Зидан гузариши қариб баанҷомрасидаи ниммуҳофизатгари 27 соларо қабул накарда, дастур додааст, ки онро бекор кунанд. Агар мутахассиси фаронсавӣ рад намекард, Эриксен тобистони соли гузашта бозигари бошгоҳи шоҳона мешуд. Ҳатто худи футболбози даниягӣ ба «Манчестер Юнайтед» нарафт бо умеде, ки Зидан фикри худро иваз мекунад ва ӯ узви мадридиҳо мешавад. Аммо роҳбарияти “Реал” натавонистанд ба мураббии худ бовар кунонанд, ки Эриксен барояшон лозим аст. Дар ниҳоят умеди футболбоз аз сафар ба Мадрид куллан канда шуд ва ӯ ба «Интер» рафт. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив