LIVE

Эриксен расман бозигари «Интер» шуд

Ниммуҳофизатгар Кристиан Эриксен аз тими «Тоттенхэм» ба «Интер» гузариш намуд. Баъд аз гуфтушунидҳои туллонӣ билохира футболбози даниягӣ ба ин тими шаҳри Милан бо арзиши 20 миллион € гузаришашро эълон кард. Тавре гуфта мешавад, ки Эриксен бо «Интер» то соли 2024 шартнома баста, маошаш  10 млн € дар як мавсимро дар бар мегирад. Ниммуҳофизатгар дар Италия таҳти рақами 24 баромад мекунад. Ин сеюмин футболбози ҷадиди «Интер» дар моҳи январ мебошад. Қаблан ба ин даста Эшли Янг ва Виктор Мозес ҷалб гардидаанд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив