LIVE

Рамос бо “Реал” ба Милан сафар намекунад

Ҳимоятгари “Реал Мадрид” - Серхио Рамос дар бозии даври 4-уми Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо  бо тими "Интер"-и Италия ба майдон баромада наметавонад.  Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи шаҳри Мадрид хабар додааст. 
Футболбози 34-сола дар бозии тими миллӣ бо мунтахаби Олмон (6:0) осеб бардошта буд. То замони баргузории вохӯрии мазкур ӯ вазъи саломатии худро барқарор карда наметавонад. 
Хотирасон мекунем, ки бозии "Интер" ва "Реал" рӯзи 26 ноябр дар Милан баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив