LIVE

Футболбозони калидии “Реал” бо "Вилярреал" бозӣ намекунанд

“Реал Мадрид” дархостро барои бозии даври 10-уми чемпионати Испания  бо дастаи "Вилярреал" нашр кард. Ҳимоятгар Серхио Рамос, нимҳимоятгар Касемеро ва ҳамлагар Карим Бензема дар феҳристи бозигарони ҳайати васеъ ба мушоҳида нарасидаанд. Пештар хабар дода шуд, ки Рамос ва Бензема ҷароҳат бардоштаанд. Касемиро бошад дар навбати худ рӯзи  18-уми ноябр аз коронавирус шифо ёфт, аммо ба эҳтимоли зиёд, ҳанӯз ба бозӣ омода нест. Эден Азар низ  коронавирус, вале ба ҳайат шомил шудааст. 
Рӯзи 21-уми ноябр “Реал”  дар сафар бо “Вилларреал” бозӣ мекунад.  Дастаи шаҳри Мадрид бо 16 имтиёз дар ҷадвали чемпионати Испания дар ҷои чорум аст. “Вилларреал” (18) дар ҷои дуввум мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив