LIVE

Баъди як гол Азар боз бемор шуд

Ду тан аз бозигари дастаи “Реал Мадрид” мубталлои бемории КОВИД-19 гардидаанд. Нимҳимоятгар Каземиро ва ҳамлагар Эден Азар давоми 14 рӯзи охир бо коронавирус мубориза хоҳанд бурд. Дар ин бора дафтари матбуотии  бошгоҳи шоҳона хабар додааст. Ин футболбозон аз ҳайати асосӣ ҷудо карда шуда, дар алоҳидагӣ ба табобат машғул мешаванд. Дар даври 8-уми чемпионати Испания Азар баъд 392 рӯзи интизорӣ ба задани аввалин гол даст ёфт. Дар мавсими гузашта, ҳамлагар дар ҳамаи мусобиқаҳо 22 бозӣ анҷом дода, ба задани як гол даст ёфта буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив