LIVE

Шикасти Тоҷикистон аз АМА дар бозии рафиқона

Дар бозии навбатии дӯстона тими миллии футболи Тоҷикистон аз мизбони мусобиқа тими АМА бо ҳисоби 3-2 шикаст хӯрд. Ҳарчанд футболбозони тоҷик бозиро хуб шуруъ карда, то дақиқаи 20-ум бо голҳои задаи Давронҷон Эргашев (10) ва Комрон Турсунов (20) ба пеш баромаданд, аммо дар идомаи рақобат тавассути ду голи Алӣ Аҳмад Мабхут (9, 63) ҳисоб баробар шуд. Аммо дар дақиқаи 4-уми иловагӣ, мизбонон аз як фурсат истифода намуда, натиҷаро 3-2 карданд. Муаллифи гол  Алӣ Солеҳ шуд. Ҳамин тариқ, ҷамъомади таълимиву тамриниии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар моҳи ноябр ба поён расид. Дар доираи ин тамринҳо милипӯшони мо ду вохӯрии рафиқона анҷом доданд, ки дар ҳардуи он шикаст хурданд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив