LIVE

Иқдоми мардонагии ҳайати "Ҳулбук"

Дастаи "Ҳулубк"-и ноҳияи Восеъ аввалин шуда "Равшан"-и Кӯлобро барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон, роҳхати Лигаи Олӣ ва медалҳои тиллои Лигаи якум табрику таҳният гуфт. Футболбозон ва ҳайати роҳбарикунандаи ин даста бояд донанд, ки онҳо пеш аз ҳама ин роҳравро барои обурӯи худ ташкил карданд ва миёни мухлисони дастаи "Равшан" ва умуман футболи тоҷик бозҳам эҳтирому эътимоди зиёд дарёфт карданд.
"Равшан" бо дастаи "Ҳулбук" дилхоҳ бозиро ҳамчун дербии оштинопазири минтақаи Кӯлоб мегузаронанд, вале дар мавриди мардонагӣ ва бародарӣ ин дастаҳо ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Ташаккур ба якояки Шумо, ки чунин иқдомро пеш гирифтед обрӯи футболи тоҷик, обрӯи футболи минтақаи Кӯлобро баланд бардоштед!!!
Худо кунад, ки дар кутоҳтарин муддат дастаи "Равшан" низ барои Шумо чунин роҳравӣ қаҳрамониро ташкил намуда, дар баробари Шумо шодиву хурсандӣ кунанд!

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив