LIVE

Фатҳулло Фатҳуллоев ба Ҳиндустон рафт

Нимҳимоятгари  мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол Фатҳулло Фатҳуллоев   фаъолияти варзишии худро дар  дастаи “Ченнайин”-и Ҳиндустон идома медиҳад.  Ин тим дар Суперлигаи Ҳиндустон  ҳунарнамоӣ карда, 2 маротиба ғолиби мусобиқот гаштааст. Муҳлати   қарордоди  Фатҳулло бо  дастаи наваш 6 моҳро дар бар мегирад. Ёдовар мешавем, ки Фатҳулло Фатҳуллоев  дар дастаи Хуҷанд  бозӣ мекард. Имсол ӯ бо  хуҷандиҳо барандаи нишонҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон гардид. Ҳамчунин ин футболбози бомаҳорат дар  ҳайати бошгоҳи “Истиқлол” чемпиони чандинкаратаи кишвар шудааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив