LIVE

Ғалабаи “Ювентус” бар “Наполи” бо ҳисоби 3 бар 0

Кумитаи назоратию тафтишотии Федератсияи футболи Италия натиҷаи дидори баргузорнашудаи тимҳои футболи “Ювентус” ва “Наполи”-ро бохти техникӣ эълон намуда, 3 имтиёзро ба бошгоҳи туринӣ дод.  Дар ин миён боз як имтиёзи “Наполи”-ро кам карданд.   Ин дидор қарор буд дар чорчубаи рақобатҳои даври сеюми Серияи А баргузор шавад, аммо “Наполи” ба далели мубталои чанд бозикуни бошгоҳи туринӣ ба вируси Корона аз сафар ба Турин худдорӣ кард. Вазорати тандурустии маҳалӣ дар ҳамбастагӣ бо ҳукуматдорони Неапол ба дастаи футболи худ иҷозат надодаанд, ки ба фурӯдгоҳ ҳозир шуда, барои ин бозӣ ба Турин сафар намояд. Натиҷаи ин дидор бо раъйи Федератсияи футболи Италия бо натиҷаи 3 бар сифр ба суди “Ювентус” эълон кард. Федератсияи футболи Италия иқрор шудааст, ки “Наполи” худсарона наметавонад, аз бозӣ даст кашад то он замоне, ки худи масъулони футболи ин кишвар қарор набароранд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив