LIVE

“Ман Сити” барои ҳайати худ аз ҳама бештар маблағ сарф кардааст

Сомонаи назоратию ҳисоботии CIES (Маркази байналмилалии таҳқиқоти варзишӣ) дар саҳифаи расмии  худ рейтинги клубҳо аз топ - 5 Чемпионати аврупоро, ки аз ҳама бештар барои ҳайати ҳозираи худ маблағ сарф кардаанд, нашр кард. Ҷойи аввал насиби бошгоҳи “Манчестер Сити” шуд ва ин тими футболи англисӣ дар маҷмуъ 1 миллиард евро барои ҳайати футболбозони ҳозираи хеш сарф кардааст. Баъд аз шаҳриҳо тимҳои футболи “Пари Сен-Жермен” ва “Манчестер Юнайтед” дохил шуданд. Дар баробари ин, ғолиби феълии Лигаи қаҳрамонҳо «Бавария» аз лиҳози сарфи маблағ барои бозигарони кунунии худ дар ҷои 15-ум қарор гирифтанд. Бо вуҷуди он, ки ин тими футболи шаҳри Мюнхен аз ҳама маблағи кам 408 млн € харҷ кардааст, ки тамоми ҷойзаҳои дохилию байналмилалиро ба даст овард. Дастаҳои футболи «Барселона» ва «Челси» Дар мақомҳои 4-ум ва 5-уми феҳристи мазкур қарор гирифтаанд. 
Феҳристи топ-15 бошгоҳи Аврупо:
1. «Манчестер Сити» (Англия) – € 1,036 млрд
2. «Пари Сен-Жермен» (Фаронса) – € 888 млн
3. «Манчестер Юнайтед» (Англия) – € 844 млн
4. «Барселона» (Испания) – € 826 млн
5. «Челси» (Англия) – € 763 млн
6. «Реал» (Испания) – € 708 млн
7. «Ливерпул» (Англия) – € 666 млн
8. «Ювентус» (Италия) – € 594 млн
9. «Арсенал» (Англия) – € 590 млн
10. «Эвертон» (Англия) – € 504 млн
11. «Атлетико» (Испания) – € 483 млн
12. «Тоттенхэм» (Англия) – € 479 млн
13. «Наполи» (Италия) – € 467 млн
14. «Интер» (Италия) – € 439 млн
15. «Бавария» (Германия) – € 408 млн.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив