LIVE

“Барселона” дар бораи ҷалби футболбози нав хабар дод

Ҳимоятгари дастаи “Аякс” - Сержино Дест фаъолияти худро дар “Барселона” идома медиҳад, сомонаи расмии бошгоҳи испанӣ дар ин бора наиштааст.
Маблағи интиқоли Дест 21 миллион евро ва 5 миллион мукофотпулиро дар бар мегирад. Шартномаи футболбози 19-сола бо клуби каталонӣ то соли 2025 ба инобат гирифта шудааст. 
"Сержино Дест дорои бисёр сифатҳои олие, ки барои муҳофизатгар лозим аст мебошад. Пайвастшавӣ ба ҳуҷум, ҳимояи мустаҳкам, тӯбдорӣ ва муносибати ӯ ба футбол моро маҷбур кард, ки бо ӯ шартнома бандем.  Минбаъд ин сифатҳоро бо пироҳани “Барса” аз ҷониби муҳофизагари бо суръат мушоҳида хоҳем кард», - навиштааст дафтари матбуоти “Барселона”.
Дест хатмкардаи Академияи “Аякс “мебошад. Ӯ бори аввал дар ҳайати асосии бошгоҳи шаҳри Амстердам соли 2019 баромад кард. Дар мавсими гузашта ин муҳофизатгар 36 бозӣ гузаронида, 2 гол зада, 6 партофти головар анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив