LIVE

"Реал" дар муқобли “Валладолид” дучори мушкилӣ шуд

Ғалаба бар дастаи “Валладолид” барои “Реал” метавонист хеле осонтар бошад, аммо мадридиҳо лаҳзаҳои зиёди голзани доштанд, ки онҳоро истифода набурданд. Футболбозони "Реал" қувваи худро сарфа намуда, кӯшиш карданд, ки бидуни ҳеҷ гуна шиддат се имтиёз гиранд, вале футболбозони “Валладолид” дар ҳимоя усувор буданд. Аз ин рӯ дар қисми дуюм Зиданро лозим омад, ки нақшаро дигар кунад. Пас аз он "Реал" имкониятҳои зиёди голзанӣ ба вуҷуд овард, аммо танҳо яктоаш амалӣ гашт. Ягона зарбаи ҳадафрасро дар ин вохӯрӣ Винисиус Жуниор анҷом дод. Бо ин ғалаба дастаи “Реал” бо касби 7 имтиёз мавқеашро дар ҷадвали умумӣ беҳтар сохт.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив