LIVE

Футболбози «Реал» гирифтори коронавирус шудааст

Футболбози дастаи «Реал Мадрид» - Мартин Эдегаар гирифтори бемории  коронавирус шудааст. Дар ин бора  Onda Cero хабар додааст. Хабар дода мешавад, ки вирус дар таркиби хуни футболбози мунтахаби  Норвегия дар натиҷаи як санҷиш муайян карда шудааст. Акнун футболбоз аз тамрин дур карда шуда, дар хона ба бознишинӣ ҷалб мешавад. Қисми боқимондаи бозигарони тибқи тавсияҳои табибон, акнун бояд ба таври инфиродӣ тамрин кунанд. "Реал" мунтазири натиҷаҳои санҷиши дуюм аст, ки бояд ташхиси навбатӣ бемор будан ё набудани бозигарро тасдиқ намояд. Футболбози 21-сола дар мавсими имсола дар ҳайати “Реал Мадрид” як бозӣ кардааст. Дар сурати тасдиқ шудан, ӯ бозии навбатиро дар Ла Лига бар муқобили “Бетис” аз даст медиҳад. Бозӣ 26 сентябр баргузор мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив