LIVE

Муҳаммад Султонов дастаи нав пайдо кард

Ҳамлагари собиқи "Ротор" -и Волгоград Муҳаммад Султонов бо тими футболи "Нижний Новгород" шартнома бастааст. Футболбози тоҷик ба клуби нав ҳамчун агенти озод мегузарад. Шартнома бо бозигари 27-сола барои ду сол пешбинӣ шудааст. Дар бори гузариши футболбоз дафтари матбуотии тими “Нижний Новгород” хабар додааст. Дастаи ҷадиди  Султонов дар Лигаи Миллии Футболи Россия бозӣ мекунад. Футболбоз дар мавсими солҳои 2019/2020 дар 26 бозии чемпионати Лигаи Миллии Футбол ширкат варзид ва бо 9 гол беҳтарин нишонзани “Ротор” гашта буд.  Баъд аз он, ки “Ротор” ба  Премер Лигаи Русия баромад, футболбози 27-солаи тоҷик  танҳо 5 маротиба ба майдон роҳ дода шуду тамом. Дар ниҳоят даста Муҳаммад Султоновро ба ҳайати ҷавононаш фиристод, ки футболбоз дар тими дуюми “Ротор” бозӣ кардан нахост ва шартномаашро қабл аз муҳлат бекор кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив