LIVE

Муҳаммад Султонов: "Дар “Ротор” ба ман гуфтанд, ки ту дигар лозим нестӣ"

Нимҳимоятгари дастаи "Ротор" - Муҳаммад Султонов мавқеи худро дар клуби Волгоград шарҳ дод.
«Онҳо дигар маро дар “Ротор” дидан намехоҳанд. Ба ман фақат гуфтанд, ки барояшон лозим нестам. Шартномаи ман моҳи май ба итмом мерасад. Феълан дар фикри онам, ки дар даста бимонам ё барои худ тими дигар пайдо кунам.  Биёед бубинем, ки “Ротор” чӣ кор мекунад. 
Клуб тавре амал мекунад, ки гуё ман инҷо бозигари нав ҳастам ва инсони бисёр бадам. Ҳоло он, ки давоми 3 сол аст дар ин тим бозӣ мекунам. Ягон гуфтушӯниди дақиқ вуҷуд надорад. Ман намедонам, ки ин ҳама ба куҷо оварда мерасонад.
Бо роҳбарияти даста дар ин масъала суҳбат доштен?
 Мегӯянд, ки сармураббӣ намехоҳад маро дар тим бубинад. Аммо мураббӣ ба ман дар ин бора чизе нагуфтааст. Дигарон аз номи ӯ гап мезананд. Ҳоло маро ба “Ротор”-2 гузаронидаанд. 
Дар айни замон пешниҳодҳо аз клубҳои Лигаи миллии футболи Россия мавҷуданд. Таваҷҷуҳи дастаҳои Лигаи олӣ низ ҳаст, аммо мушаххас нест ”, - гуфт Султонов.
Нимҳимоятгари 27-сола дар мавсими гузашта беҳтарин нишонзани даста дар ЛМФ гардида буд. Ӯ дар 26 бозӣ 9 гол ба самар расонид. Дар мавсими ҷорӣ, Султонов дар Премйер Лигаи Россия 5 бозӣ гузарондааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив