LIVE

“Реал” аз як бозигари баландмаоши худ халос шуд

“Эвертон” дар сомонаи расмии худ дар бораи гузариши нимҳимоятгари “Реал Мадрид” - Ҷеймс Родригес хабар дод. Шартномаи футболбози колумбиягӣ бо клуби англисӣ ду сол буда, имкони тамдиди он барои боз як мавсими дигар мавҷуд аст. Тибқи иттилои расонаҳо, “Эвертон” барои ин гузариш камтар аз 20 миллион фунт пардохт кардааст (тақрибан 22 миллион евро).
«Ман воқеан хушбахтам, ки дар ин клуби аҷиб ва дорои таърихи бой бозӣ мекунам. Ғайр аз ин, як мутахассисе, ки маро хуб мешиносад, дар ин ҷо тамрин медиҳад. Ман умедворам, ки бо клуб ба дастовардҳои бузург ноил мешавам. Мехоҳам такмил ёбам, барои ҳамин ба ин клуб гузаштам", - гуфт Ҳамес.
Ҷеймс Родригес аз соли 2014 дар дастаи “Реал” бозӣ мекунад. Дар мавсими 2019/2020, футболбози колумбиягӣ дар 11 бозӣ ширкат карда, 1 гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив