LIVE

Тахмин кунед, ки кӣ баргашт

Саҳифаи расмии бошгоҳи "Барселона"-и Испания бо гузоштани акси футболбози бразилии худ, Филиппе Коутиню суолеро дар миён мондааст, ки чунин аст. "Тахмин кунед, ки кӣ баргашт. Бозгашт муборак Philippe".  Ин аввалин акси футболбози мазкур баъд аз бозгашт аз ичора, ки мавсими гузаштаро дар "Бавария" гузаронид, маҳсуб мешавад. Дар ҳайати ин тими футбол ӯ ғолиби Бундеслига, барандаи Ҷоми Олмон ва қаҳрамони Лигаи Чемпионҳо гардид. Дар бозӣ бар муқобили "Барселона"- Филиппе Коутиню бо пироҳани бошгҳи мюнхенӣ ба дарвозаи каталониҳо ду гол зада, як партофти головар анҷом дод ва ин вохӯрӣ бо ҳисоби калони 2 бар 8 ба суди "Бавария" ба анҷом расид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив