LIVE

Коутиню ҳайати “Бавария”-ро тарк кард

Ниммуҳофизатгари «Барселона» - Филиппе Коутиню ба Каталония дубора бармегардад.  Қаблан хабар дода шуд, ки «Бавария» аз иҷрои як банди шартнома  бо «Барселона», ки баъд аз иҷора  Филипперо харидорӣ мекард, даст кашидааст. Ҳамчунин Коутиню дар нақшаи сармураббии нави дастаи каталонӣ - Роналд Куман  шомил шудааст ё не маълум нест. «Бавария» мақсад дорад, ки ҳарчӣ зудтар футболбози бразилиро ба соҳиби аслиаш баргардонад. Ба ҳамин хотир Филиппе Коутиню имкон дорад, ки марҳилаи омодагиро ба мавсими нав дар «Барселона» анҷом диҳад. Ягона умеди дубора фаъол сохтани фаъолияти футболкориаш ин бозгашт ба Премйер лигаи Англия мебошад.  Ба ӯ қаблан дастаҳои «Манчестер Юнайтед», «Челси» ва «Ливерпул» таваҷҷуҳ доштанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Филиппе Коутиню имкон дорад, ки ба дастаи «Арсенал» гузариш намояд. Соли 2018 «Барселона» барои ин футболбозаш 106 млн фунт ба  «Ливерпул» пардохт кард, аммо Филип дар ҳайати асосии клуби каталонӣ мавқеъ пайдо карда наметавонад. Аммо орзуи деринаи футболбози баризлӣ амалӣ гашт. Ӯ мақсад дошт, ки ғолиби Лигаи Чемпионҳо шавад. Дар ҳайати дастаи “Бавария” ғолиби ин мусобиқаи бонуфуз гардид. Дар рақобат бар муқобили дастаи асосии худ, дар даври ¼ ниҳоии Лигаи Чемпионҳо бо пироҳани “Бавария” ду гол зада, ҳисобро 2 бар 8 сохт. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив