LIVE

Де Брёйне беҳтарин футболбози Премйер Лигаи Англия

Футболбози белгиягии дастаи «Манчестер Сити» - Кевин Де Брёйне беҳтарин футболбози ПЛА дар мавсими 2019/20 эълон карда шуд. Дар овоздиҳӣ Кевин аз дарвозабон Ника Поупа («Бёрнли»), дифоъгар Трент Александер-Арнолд («Ливерпул»), ниммуҳофизатгарон - Ҷордан Хендерсон ва Садйо Мане (ҳарду – «Ливерпул») ва ҳамлаварон - Дэнни Ингз («Саутгемптон»), Ҷейми Варди («Лестер») пеш гузашт. Дар мавсими 2019/20-и Премйер-лигаи Англия Де Брёйне дар 35 бозӣ ба задани 13 гол ва 20 партофти головар даст ёфт. Инчунин ниммуҳофизатгар, дар мавсими гузашта аз ҷиҳати иҷро намудани партофтҳои головар рекорди собиқ футболбози “Арсенал” - Тйерри Анриро такрор намуд. Дар маросими овоздиҳӣ мухлисон, капитанҳои 20 бошгоҳ ва таҳлилгарони футбол иштирок намуданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив