LIVE

Кӯмаки Месси ба кӯдакони Сурия

Хабаргузории испании Marca иттилоъ медиҳад, ки фонди хайриявии футболбози "Барселона" Леонел Месси ҳамроҳ бо UNICEF 50 000 бастаи маводи таълимиро барои кӯдакони суриягӣ, ки шомили сарулибоси бачагона ва духтарона ва дигар маводи таълимӣ мебошад, ба ноҳияҳои Сурия фиристод. Фонди хайриявии Месси аз соли 2007 инҷониб амал намуда, сараввал барои кӯмакҳо дар бахши таълим ва тандурустӣ барои кӯдакони Ангентина таъсис ёфта буд. Аммо баъди оне, ки Лео ситораи машҳури футбол гашт, доираи фаъолиятҳои хайриявии фондаш васеътар шуда, кӯмакҳои ӯ ба кишварҳои дигар низ пайваста мерасад. Месси соли 2010 аз тарафи «ЮНИСЕФ» сафири ба хоҳиши худ пазируфта шуда, дар ҳамкорӣ бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ дар проектҳои хайриявӣ барои кӯдакон иштирок мекунад..

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив