LIVE

“Хуҷанд”-ро футболбозонаш тарк гуфтанд

Як қатор аз футболбозони  бошгоҳи “Хуҷанд” дастаро тарк намуданд. Аз ҷумла,  нимҳимоятгар Шарафҷон Солеҳов  ба ҳайси бозигари иҷоравӣ ба тими "Файзканд"-и ноҳияи Восеъ гузариш намуд. Ҳамчунин бинобар ба анҷом расидани муҳлати  қарордод нимҳимоятгари дигари ҳуҷандиҳо  Муҳаммадшарифи Саидхоҷа  фаъолияташро дар бошгоҳи “Куктош” – и н. Рӯдакӣ  идома хоҳад дод.                                  Ёдовар мешавем, ки Муҳаммадшариф тобистони соли 2019 аз дастаи "Куктош" ба "Хуҷанд" гузариш намуда буд. Ҳамзамон сомонаи расмии  ин тим хабар медиҳад, ки ҳамлагари  ӯзбекистонӣ Андрей Сидоров низ сафи уқобҳоро  тарк кард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив