LIVE

«Хуҷанд» бо се футболбози нав шартнома баст

Дастаи «Хуҷанд» бо се тан аз футболбоз шартнома ба имзо расонид. Дар ин бора сомонаи расмии даста FC Khujand хабар додааст. Дар равзанаи гузаришҳои тобистона ба ҳайати тими «Хуҷанд» ҳамлагар Ҷаҳонгир Эргашев (собиқ бозигари-«Саиф Спортинг Клуб», Бангладеш),  Тоҳир Малодустов (собиқ-«Каганат», Қирғизистон), ва ҳамчунин ниммуҳофизатгар Эҳсон Бобоев (собиқ-«Хатлон») ҳамроҳ шуданд. Ёдовар мешавем, ки ҳамлагари 26 солаи мунтахаби Тоҷикистон - Ҷаҳонгир Эргашев қаблан низ дар дастаи «Хуҷанд» бозӣ мекард. Бобоев низ аз соли 2017 то 2018 бозигари «Хуҷанд» маҳсуб мешуд.
 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив