LIVE

Чемпионати Нидерландия аз нав оғоз мешавад

Ассотсиатсияи футболи Шоҳигарии Нидерландия (KNVB) тасмим гирифт, ки бозиҳои мавсими 2020/21-ро 12-уми сентябр шуруъ кунад. Ҳамакнун мавсими нави Эредивизи бо бозии дастаҳои "Утрехт" ва “АЗ” оғоз меёбад. Бозиҳои охир, яъне даври 34-уми мусобиқоти мазкур 16-уми майи соли 2021 доир шуда, пас аз он даври плей-офф барои роҳхати Лигаи Аврупо ва рақобатҳои гузаришӣ дар дивизиони бартари кишвар сурат мегиранд. Хотиррасон мекунем, ки мавсими 2019/20-и чемпионати Нидерландия бо сабаби пандемияи коронавирус қабл аз муҳлат анҷом ёфта буд ва қаҳрамони кишвар дар ин мавсим муайян нагардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив