LIVE

Лионел Месси: «Реал» кори худро кард

Ҳамлавари «Барселона» - Лионел Месси ғалабаи «Реал»-ро дар чемпиони Испания шарҳ дод.
“Реал» кори худро иҷро кард. Онҳо баъд аз дубора баргузор шудани бозиҳо имтиёзро аз даст надоданд. Мо низ дар навбати худ ба онҳо кӯмак кардем, то чемпион шаванд. 
“Барселона” вазифадор аст, ки дар ҳар бозӣ ғалаба кунад. Ба мо худтаҳлилкунӣ лозим аст. «Барселона» муътадил набуд. Мо дар он бозиҳое имтиёз аз даст додем, ки бояд ғалаба мекардем. 
Мухлисонро тоқаташон тоқ шуд, зеро онҳоро шод карда наметавонем. Агар мо хоҳем, ки Лигаи Чемпионҳоро ба даст орем, бояд бисёр чизҳоро тағйир диҳем", иқрор шуд - Месси ба Mundo Deportivo.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив